Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, ки 14-16 октябр дар шаҳри Еревани Арманистон баргузор шуд, 7 медал – 1 тилло, 2 нуқра, 4 биринҷӣ – ба даст оварданд. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар дод.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 17 нафар дар самбои варзишӣ намояндагӣ карданд. Қувваозмоиҳо аз рӯи се синну сол баргузор шуд.
Медали тиллоро Фарзиншоҳ Ҳусейнов дар вазни +98кг миёни ҷавонон ба даст овард. Миёни ҷавонон Субҳиддин Халилзода (-71 кг) ба гирифтани медали нуқра, Мусаниф Миробов (-58 кг) ва Анис Субадоров (-64 кг) ба гирифтани медалҳои биринҷӣ мушарраф гардиданд.
Медали дигари нуқраро Абдуллои Ориф дар вазни -64кг миёни наврасони 16-18-сола соҳиб шуд.
Миёни наврасони 14-16-сола Муҳаммадамин Лоиқов (-64 кг) ва Аминҷони Абдулфайёз (-71 кг) сазвори медали биринҷӣ шуданд.