Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Словакия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қароргоҳаш дар шаҳри Тошканд) Виктор Боретский мулоқот намуд. Дар ин бора Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Словакия ва амалисозии барномаҳои муштарак дар соҳаи саноат, илму фарҳанг, тандурустӣ ва сайёҳиро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон масъалаи ба таҳсил фаро гирифтани донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Словакия ва ҷалби сайёҳон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима шуданд.