13 декабри соли 2022 бо ташаббуси ҷониби Русия гуфтугӯи телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Русия Сергей Лавров баргузор гардид.
Тавре ки радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, вазирон масъалаҳои алоҳидаи муносибатҳои Тоҷикистону Русия ва рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 30-юмин солгарди муносибатҳои дипломатиро баррасӣ намуданд.
Дар рафти суҳбат мубодилаи афкор атрофи ҳамкории ду кишвар дар доираи СҲШ, СААД ва дигар созмонҳои байналмилалӣ сурат гирифт.
Гуфтугӯ дар руҳияи ҳусни тавоҳум баргузор гардид.