Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиш ва омӯзиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон » ба шумор рафта, дар ин замина, Кумита тибқи Нақшаи санҷишӣ ҷиҳати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» доир ба назорати муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон » дар фаъолияти вазорату идораҳо, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, инчунин муассисаҳои давлатӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият барои соли 2022 фаъолияти 12 субъекти хоҷагидоррро мавриди санҷиш қарор дод, — зикр намуд, Раиси Кумита Олимҷон Муҳаммадҷонзода зимни нишасти матбуотӣ.
Кумита дар соли 2022 дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе » забони матни ангораҳо ва навиштаҷоту овезаҳои рекламавии ташкилоту муассисаҳои рекламаистеҳсолкунанда ва соҳибкорони инфиродиро ба талаботи қонун мутобиқ намуд, ки дар маҷмӯъ 394 мавод мебошад.
Дар соли 2022 Кумита ба 148 адад санади меъёрии ҳуқуқӣ ва 16 маводи судӣ хулосаи экспертизаи забоншиносӣ ва танзими ҳамгунсозии истилоҳот пешниҳод намуд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони Кумита 36 596 истилоҳ баррасӣ ва мувофиқа гардидааст.
Кумита дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар минбаъд низ тамоми нерӯи худро баҳри назорат ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон » равона намуда, оид ба рушди забони давлатӣ чораҳои муассир меандешад.
Дилнозаи Абдумалик,
радиои бурунмарзии «Овози точик».