ҶДММ «Экофрукт Исфара»-и Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 30-юми байналмилалии озуқаворӣ, нӯшокӣ ва ашёи хом барои истеҳсоли онҳо- «Продэкспо-2023», ки дар шаҳри Москва то 10 феврал идома мекунад, намудҳои гуногуни хушкмеваҳоро, ки бастубанд гардида, ба содирот нигаронида шудаанд, ба намоиш гузошт. Дар ин бора Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар дод.
Дар намоишгоҳ зиёда аз 2000 ширкат аз 35 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Беларус, Туркия, Федератсияи Русия, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Узбекистон, Ҳиндустон, Чин ва дигарон иштирок намуданд.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он инчунин намояндагони корхонаҳои истеҳсолии ҶДММ «Абдулакимов», ҶДММ «Субҳи ватан», ҶДММ «Ҳариф» ва ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон», ки ба коркард ва истеҳсоли меваҳои хушк, сабзавот ва маҳсулоти консервашуда машғуланд, муҳсулоти худро муаррифӣ намуданд.
Ҳадаф аз баргузории ин гуна намоишгҳо- муаррифии маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, бастани шартномаҳои ҳамкорӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротӣ мебошад.
Дар доираи намоишгоҳ аъзои Палата бо роҳбарони якчанд ширкат ва марказҳои тиҷоратӣ бо мақсади ба роҳ мондани содироти маҳсулот, воридоти технологияи нав барои коркарди маҳсулот ва ташкили корхонаҳои муштарак вохӯрӣ намуданд.