Шурӯъ аз моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон факултаи гуштини миллӣ ташкил карда мешавад. Дар ин хусус ректори донишкада Шоди Сафаров зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Ба зикри номбурда, бо дастгирии Роҳбари давлат ва Раиси шаҳри Душанбе имрӯз гуштини миллии мо мақоми байналмилалӣ гирифт. Дар ин замина устодони донишкада ҷиҳати рушди бештари ин намуди гуштин таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, шогирдонро тайёр намуда истодаанд.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки бо дастгирии раёсати Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон робитаҳои хориҷӣ бо кишварҳои дуру наздик дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, айнли ҳол дар он 81 нафар донишҷӯён ба таҳсил намуда истодаанд. Онҳо пайваста дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона доранд.
Ба зикри номбурда, донишкада бо 38 муасисаҳои олии давлатҳои чаҳон шартномаи дуҷониба дошта, мавриди амал карор доранд.
Радиои “Овози тоҷик”
Абдуфаттоҳи Абдурауф