31-уми октябри соли ҷорӣ муовини ректори Донишгоҳ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Фаррух Худойдодзода дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба 150-солагии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Маскав иштирок намуд.
Бино ба иттилои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садирддини Айнӣ, мавсуф зимни ширкат дар чорабинии мазкур табрикоти Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори ДДОТ ба номи С. Айниро ҳамроҳ бо туҳфаҳои расмӣ ба ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Маскав А.В. Лубков тақдим намуд.
Зимнан Фаррух Худойдодзода дар ҷаласаи васеи шурои олимони ДДОМ иштирок намуда, баҳри таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба бо роҳбарони муассисаҳои шарик мулоқот намуд.