Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар ҷамъомади таълимиву тамринии Туркия бозии санҷишии ниҳоиро анҷом дод. 14 феврал мунтахаби ҷавонони мо бо ҳамсолони худ аз Ӯзбекистон бозии дӯстона анҷом доданд. Вохӯрӣ дар маҷмааи варзишии «Астерия Кремлин Палас» барпо гардида, бидуни гол ба анҷом расид. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.
Барои дастаи Олег Кубарев ин шашумин рақобати дӯстона дар доираи тамриноти Анталия буд. Қаблан мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо ҳамсолони худ Ироқ (0:0) ва бошгоҳи ЛКС-и Лаҳистон (1:1) мусовӣ карда, бар тими ҷавонони Озарбойҷон (2:1) пирӯз шуданд ва аз дастаҳои «Бухоро»-и Ӯзбекистон (1:3) ва «Вишиста Краков»-и Полша (1:2) мағлуб гардид.
Бояд гуфт, ки дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои миллии Урдун (2 март), Уммон (5 март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8 март) нерӯ месанҷад.