Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев бо ҳамсолони худ аз Арабистони Саудӣ ду бозии дӯстона баргузор мекунанд. Ин вохӯриҳо рӯзҳои 14 ва 16 июл дар шаҳри Абҳаи Арабистони Саудӣ доир мешаванд. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба ҷуз аз бозиҳои дӯстона бо Арабистони Саудӣ, мунтахаби ҷавонони мо дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки аз 3 то 12 август дар Душанбе баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «I» баромад мекунад. Рақибони дастаи мо тимҳои миллии Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур мебошанд. Бозиҳои интихобӣ аз 14 то 18 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.
Ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарини дар ҷойи дуюм қарор гирифта ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон, ки аз 1-ум то 18-уми марти соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, роҳ меёбанд.