Нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Эҳсони Панҷшанбе, ки дар ҳайати дастаи футболи «Навбаҳор»-и Узбекистон бозӣ мекард, фаъолияташро дар ҳайати дастаи футболи «Зуб Оҳан»-и Исфаҳони Эрон идома медиҳад. Номбурда 6 июли соли равон тарки дастаи «Навбаҳор»-и Узбекистон намуд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Арзиши трансфери футболбози тоҷик 500 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Мавриди зикр аст, ки дастаи футболи «Зуб Оҳан»-и Эрон мавсими гузашта дар Лигаи бартари Эрон бо ишғоли зинаи 8-ум мусобиқаро ҷамъбаст намуда буд.
Дастаи «Навбаҳор» бошад, баъди 13 даври рақобатҳо дар Суперлигаи Узбекистон садрнишин аст.
Ёдовар мешавем, ки Эҳсони Панҷшанбе 3-юмин футболбози тоҷик хоҳад шуд, ки дар Чемпионати Эрон бозӣ мекунад.