Мутобиқи қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 1 январи соли 2022 бо 52 кишвари хориҷӣ низоми бераводиди яктрафа ҷорӣ гардид. Таҳия ва пешниҳоди дигар ташаббусҳо барои боз ҳам ҷолибтар кардани ин низоми фаъолият минбаъд низ матраҳ хоҳад шуд. Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Дар мавриди хидматрасонии консулӣ ба шаҳрвандон Сироҷиддин Муҳриддин қайд намуд, ки тибқи «Қоидаҳои барасмиятдарорӣ дар бораи додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд», номгӯи давлатҳои хориҷие, ки шаҳрвандони онҳо ҳуқуқи бо тартиби содда гирифтани раводиди Тоҷикистонро доранд, бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз 25 январи соли 2017 тасдиқ шудааст. Бояд қайд намуд, ки номгӯи мазкур аз соли 2009 инҷониб аз 68 кишвар то ба 126 кишвар расонида шуд. Дар асоси қарори дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз соли 2016 таҳияи раводиди электронии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишварҳои дар номгӯ зикргардида, роҳандозӣ карда шуд.
Дар соли 2022 Созишномаҳо оид ба бекор намудани раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Сербия, Шоҳигарии Марокаш, Ҷумҳурии Боливариании Венесуэла инчунин Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб ба имзо расонида шуд.
Ризвонов Тоҷиддин
Радиои «Овози тоҷик»