Дар доираи Конфронси оби СММ-2023, ки 22-24 марти соли равон дар шаҳри Ню-Йорк сурат мегирад, баргузории зиёда аз 400 чорабинии дигар ба нақша гиритфа шудааст. Аз он 200 чорабинии канорӣ дар худи Дафтари СММ ва 200 чорабинӣ дар дигар сохторҳои СММ доир хоҳад шуд. Ҳамзамон, дар ҳошияи конфронси мазкур баргузории як чорабинии дигар дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои СММ дар назар аст, ки ба ҳал ва баррасӣ намудани мушкилиҳои вобаста ба об бахшида шудааст. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Ризвонов Тоҷиддин хабар доданд.
Гуфта шуд, ки Конфронси оби СММ-2023 , ки ташаббускори асосии он Тоҷикистон аст, пас аз нишасти соли 1977, ки аз ҷониби СММ дар Аргентина ташкил гардид, дувумин конфронси сатҳи баланди ҷаҳонӣ унвон карда мешавад.
Ҳамчунин, Мина Гули, давандаи австралиягӣ дар як чорабинии алоҳида доир ба дидаву шунидаҳояш дар хусуси об, инчунин аз захираҳои обӣ ва маконҳои сайёҳии Тоҷикистон ҳамчун намояндаи соҳаи варзиш кисса хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки марафони дав бо иштироки Мина Гули бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар соли 2023 дар Тоҷикистон баргузор шуд. Муҳлати марафони дав то 10 июни соли 2022 идома ёфта, дар ин муддат Мина Гули дар 11 марафони дав 458,2 километрро тай кард ва аз захираҳои оби Тоҷикистон, аз ҷумла кӯли Сарез, пиряхи Федченко, неругоҳҳои барқи обии «Роғун», «Норак» ва маконҳои сайёҳии Тоҷикистон дидан намуд.