Тавре ки радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ меҳмононро ба вазорат хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки имрӯз ҳамкориҳои ду кишвар дар самтҳои гуногун, хосатан дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар марҳалаи рушд қарор доранд.
Ҷонибҳо доир ба масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуда, ҷиҳати густариш бахшидани ҳамкориҳо ҳавасмандии хешро иброз доштанд.
Дар охир ҳамчун арзи эҳтиром ҷонибҳо ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.