Ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Хуҷанд маросими қадршиносии афсарону сарбозон баргузор гардид.
Дар ҷамъомади тантанавӣ муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, муовини Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Шараф Ҷаббор ва Фармондеҳи Қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ иштирок карда, афсарону сарбозонро ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистони маҳбубамон самимона табрику муборакбод гуфта, ба онҳо саломатии бардавом, хотирҷамъӣ ва хушиҳои зиндагиро таманно намуданд.
Барои хизматҳои содиқона ба халқу Ватан ба як қатор афсарону сарбозон ордену медалҳо ва ба ғолибони озмунҳои гуногун миёни афсарону сарбозон мукофотҳо супорида шуд.