Масъулияту роҳбарӣ ва корбарии ҳамаҷониба барои расидан ба ҳадафи хотимаи сил мубрам, саривақтӣ ва ҳаётан муҳим мебошанд. Боздиди Ҳанс Клюге, Мудири Дафтари минтақавии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СҶТ) барои Аврупо ба Тоҷикистон дар пайи тасдиқ ва оғози татбиқи Нақшаи амали мубориза бо бемории сил барои минтақаи аврупоии СҶТ дар солҳои 2023-2030 сурат гирифт.
Шоми 31 октябри соли 2022 намояндагони Ассотсиатсияи «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон» (ҲБСТ), Қаҳрамони ҷомеаи бидуни сили ҲБСТ — Раиси Анҷумани миллии сил Ҷамшед Муртазозода бо Мудири Дафтари минтақавии СҶТ барои Аврупо Ҳанс Клюге вохӯрданд.
Зикр гардид, ки танҳо мавҷудияти умеду эътимод ва иродаи сиёсӣ барои ҳалли масоили бемории сил кофӣ набуда, балки ҷалби тамоми қишрҳои ҷомеа ва фаъолияти ҳамзамони тамоми сохторҳои тандурустӣ дар амалӣ кардани нақшаву барнома ва стратегияҳои миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонии хотимаи сил нақши муассир доранд.
Дар ҳамин ҳол, шунидан ва расонидани овози ҷомеаи аз сил осебдида ба минбарҳои зарурӣ дар ҳама сатҳҳо муҳим буда, ҲБСТ дар ҳамин росто тамоми талошҳои худро тавассути василаву имкониятҳои гуногун анҷом медиҳад. Иштироку узвият дар Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ, Анҷумани миллии сил дар Парламент, ҷалби шахсиятҳои маъруф, гурӯҳҳои дастгирии беморон, коршиносони эҷодӣ ва мониторинги ҷамъиятии #OneImpact аз ҷумлаи чунин кӯшишҳо мебошанд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба бемории сил аз ҷумла, роҳҳои пешгирӣ, дарёфт ва табобати сил дар байни аҳолӣ, баланд бардоштани огоҳинокии ҷомеа дар бораи бемории сил, тақвият бахшидани ҳамкориҳои ташкилотҳои зиддисилӣ бо мақомотҳои дахдори кишварӣ, ҳамкориҳои судманди ҲБСТ бо СҶТ, Дафтари минтақавии СҶТ барои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, Намояндагии СҶТ дар Тоҷикистон дар самти пешгирии бемории сил мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Директори иҷроияи Ассотсиатсияи «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон» эҳтирому муҳаббати ҳар як узви ҷомеаи аз сил осебдидаро ба доктор Ҳанс Клюге барои талошу кӯшишҳои зиддисилияш дар кишвар ва минтақа иброз намуд.
Ҳамкорони пешгирии сил бори дигар доктор Ҳанс Клюгеро ба Тоҷикистон хушомадед мегӯянд.