Оғоз аз 31 октябр то 4 ноябри 2022 дар шаҳри Бангкоки Шоҳигарии Тайланд “Саммити ҷомеаи ҳамкорони пешгирии сил” ҷараён дорад.
Дар ин саммит дар қатори намояндагони созмону ташкилотҳои зиддисилӣ аз 40 кишвари дунё, намояндагони Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон низ иштирок доранд. Дар рӯзи аввали саммит масъалаҳои зерин мавриди баррасии иштирокдорон қарор гирифтанд:
• Рафти омодагии кишварҳо ба Вохӯрии сатҳи баланди Созмони Миллали Муттаҳид дар мавзуи бемории сил 2023;
• Ҳамкорӣ ҷиҳати таъмини иштироки кишварҳо дар Вохӯрии сатҳи баланди Созмони Миллали Муттаҳид дар мавзуи бемории сил;
• Масъулияти ҷомеаи ҷаҳонӣ барои хотимаи сил;
• Роҳандозии фаъолияти адвокатсионӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳинокии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи бемории сил.
Ин ҳамоиш бо дақиқаи хомӯшӣ ба хотири қурбониёни бемории сил ифтитоҳ гардида, бори дигар саҳми назаррас доштани ҷомеа дар расидан ба ҳадафи хотимаи сил то соли 2030 таъкид шуд.
Бояд гуфт, ки муаррифии намояндагони ҷомеаи аз сил осебдидаи Тоҷикистон бо садо додани як таронаи миллии Нозия Кароматулло, овозхони маҳбуб ва Сафири пешгирии сил оғоз гардид.