Имрӯз дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол» баргузор гардид.
Ҳадафи озмун рушди соҳибкорӣ, дастгирии ташаббусҳои соҳибкорони ватанӣ, ҳавасмандгардонии фаъолияти истеҳсолӣ ва тарғиби таҷрибаи пешқадам дар соҳаи соҳибкорӣ мебошад.
Зимни маросим ғолибони озмун барои фаъолияти самаранок, саҳми назаррас дар рушди иқтисоди миллӣ ва татбиқи ташаббусҳои созанда қадрдонӣ шуданд.
Таъкид гардид, ки рушди соҳибкорӣ дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши иқтидори истеҳсолии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши муҳим дорад.
Баргузории чунин озмунҳо ба баланд бардоштани рақобатпазирии соҳибкорони ватанӣ, ҷалби сармоя ва таҳкими нақши бахши хусусӣ дар рушди иқтисоди кишвар мусоидат мекунад.
Таҳмина Амонова, Радиои «Овози тоҷик»



