Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Теҳрон дар 13-умин иҷлоси Шӯрои сарпарастони Маркази минтақавии идораи оби шаҳрӣ иштирок ва суханронӣ кард. Чорабинӣ бо иштироки вазирон, муовинони вазирон, намояндагони 15 кишвар ва 8 созмони узви Маркази мазкур ба раёсати вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиакбар Меҳробиён баргузор шуд. Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Эрон хабар дод.
Дар рафти суханронии вазир аҳаммияти ташаббусҳои глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об ва истифодаи он дар шаҳрҳо таъкид гардид. Дар ин замина ҳозирини иҷлос барои ширкат дар Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Тоҷикистон ва Нидерланд сурат мегирад, даъват шуданд.
Дар доираи ин сафар мулоқотҳои вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо вазирони нерӯ ва нафти ҶИЭ ва боздид аз Муассисаи таҳқиқоти об ва Пажуҳишгоҳи саноати нафти Эрон доир шуд, ки зимни онҳо масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва нафт байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.