Ба Муассисаи давлатии “Экспедитсияи мубориза ба зидди малах”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон техникаву таҷҳизотҳои гуногун иборат аз 5 адад мошинҳои обкашон, 5 адад микроавтобусҳо, 343 адад катҳои рахти хоб ва 12 адад кабинаҳо барои шустушуи бадан дар хаймаҳои саҳроӣ тақдим шуд. Дар ин бора Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Дар маросими супоридани техникаву таҷҳизотҳо Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳамикзода Қурбон, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тосихиро Аики, роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мунео Такасака ва намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Аҳмадзода иштирок намуданд.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳамикзода Қурбон ҷиҳати ҳамкориҳои судманд ба намояндагон изҳори сипос намуд.
Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тосихиро Аики, роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мунео Такасака ва намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Иброҳим Аҳмадзода (ФАО) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зинми суханрониҳои ҷиҳати ҳамкориву дастгириҳои минбаъда изҳори назар намуданд.