Дар шаҳри Берлин конгресси солонаи Иттиҳодияи федеролии соҳибкории миёнаи Олмон (BVMW) баргузор гардид, ки дар он ҳудуди 4000 меҳмонон, аз ҷумла сиёсатмадорони варзида, вазирон, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими Берлин ва намоядагони бахши хусусӣ иштирок доштанд. Дар ҳошияи нишаст вохӯриҳои Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов бо доираҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва роҳбарони ширкатҳои бонуфузи олмонӣ доир шуд. Дар ин бора Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, зимни гуфтугӯ вобаста ба роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд табодули андеша сурат гирифт.
Имомудин Сатторов аз шарикони олмонӣ ҷиҳати иштирок дар Форуми иқтисодии Тоҷикистону Олмон, ки баргузории он моҳи июни соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, даъват ба амал овард.
Ҳамчунин, барои 50 намояндагии дипломатии муқими Берлин гӯшаҳои кишварӣ танзим карда шуданд. Дар гӯшаи Тоҷикистон маълумот дар бораи зарфиятҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳии кишвар манзури тамошобинон гардид.
Маврид ба зикр аст, ки Иттиҳодияи федералии соҳибкории миёна (BVMW) соли 1975 дар шаҳри Бонн таъсиси ёфта, ҳудуди 900.000 соҳибкорони хурду миёнаи Олмонро муттаҳид менамояд.
Иттиҳодия манфиатҳои 28.000 аъзои худро дар дохил ва хориҷи кишвар муаррифӣ карда, дар гӯшаҳои мухталифи дунё 65 намояндагӣ дорад.