Моҳи июни соли 2023 дар шаҳри Душанбе Форуми иқтисодии Тоҷикистону Олмон доир мегардад.
Дар ин форум намояндагони ҳукумати Олмон, ширкатҳои саноатии ин кишвар, соҳибкорон ва мақомоти ҳукумати Тоҷикистон ва соҳибкорони тоҷик хоҳанд намуд.
Интизор меравад, ки дар доираи он Созишномаҳо ба имзо расанд.
Ҳадафи он густариши ҳарчи бештари ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, ҷалби бештари сармояи олмонӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ маҳсуб меёбад.