Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо мудири кулли Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Шимлон ал-Баҳар мулоқот намуд.
Тавре ки радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни вохурӣ ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои ҳамкории Фонди кувайтӣ бо Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода, иштироки фаъоли онро дар татбиқи лоиҳаҳои муҳимми кишвар таъкид намуданд.