Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид Форуми сармоягузорӣ ва рушди Тоҷикистону Британияи Кабир, ки дар шаҳри Лондон баргузор шуда буд, ширкат намуд.
Бино ба иттилои Вазорати рушди ицтисод ва савдои кишвар, Форуми мазкур аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ташкил гардида, дар доираи он Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2037, Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар Минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ муаррифӣ карда шуд.
Дар идомаи Форум масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои бисёрҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар рафти Форум аз соҳибкорону сармоягузорони Британияи Кабир даъват ба амал оварда шуд, ки дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории кишвар, хусусан дар таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ иштирок ва саҳмгузор бошанд.