Дар ҳошияи 4-умин Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистон дар шаҳри Самарқанд вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон хонум Ҳина Раббонӣ Кхар мулоқот намуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷарёни мулоқот маҷмуи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои ду кишвар ва масъалаҳои алоҳидаи рузномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасии тарафайн қарор доштанд.