26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сафобахши ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Мактаби замонавии бошукӯҳ 3-ошёна буда, дар доираи ҳамкории мутақобилан судмани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбия бунёд шудааст.
Муассисаи таълимӣ барои 1 ҳазору 280 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Корҳои сохтмонии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16 дар деҳоти Сафобахши ноҳияи Данғара бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2021 оғоз гардида, аз ҷониби ширкати чинии Повер Чайна “POVER – CHINA” дар муҳлати муқарраршуда бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуд.
Муассисаи замонавии таълимӣ аз 27 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, синфхонаҳои технологияи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, синфхонаҳои компютерӣ, китобхонаву толори барҳавои хониш бо 24 ҷойи нишаст, китобхонаи электронӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорону кормандони муассиса ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Дар ҳуҷраҳои озмоишгоҳии мактаб асбобу аёнияти дарсӣ мавҷуд аст, ки барои дар амал гузаронидани таҷрибаҳои гуногун хонандагон аз онҳо босамар истифода мебаранд.
Дар синфхонаи барҳавои компютерӣ, ки бо муосиртарин дастгоҳҳо муҷаҳҳаз аст, хонандагон имкон доранд аз нозукиҳои кор бо технологияи иттилоотӣ бохабар шаванд.
Акнун бо мавриди истифода қарор додани ин муассисаи зебову замонавӣ мушкилии қаблан мавҷудбудаи норасоии ҷойҳои нишаст пурра аз байн хоҳад рафт.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри соҳибкасб гардонидани хонандагон асбоби дуредгарӣ, кандакорӣ, мошинаҳои дарздӯзӣ ва дигар шароити муосир фароҳам буда, духтарон баробари омӯзиши дӯхтани сару либоси миллӣ ҳамзамон бо роҳнамоии омӯзгорон таомҳои гуногун омода мекунанд.
Ҳамчунин дар синфхонаҳои фаннии физика, химия ва математика муосиртарин шароит барои илмомӯзӣ, аз ҷумла видеопроектор бо тахтаҳои электронӣ мавҷуд аст.
Ёдовар мешавем, ки собиқ бинои ин муассиса ҳанӯз соли 1937-и асри гузашта сохта шуда буд ва ба талаботи замони имрӯз ҷавобгӯ набуд.
Акнун хонандагон бо истифода аз муосиртарин шароити илму ҳунаромӯзӣ дар ин таълимгоҳи боҳашамати замонавӣ таҳсил мекунанд.
Барои тарғибу ташвиқи бештари варзиш ва ба ин восита ташаккул додани тарзи ҳаёти солим дар муассисаи таълимӣ 2 майдончаи варзишӣ сохта шудааст, ки дар онҳо имконияти бозии футбол, баскетбол ва волейбол мавҷуд аст.
Бо мақсади ташкил ва баргузор кардани ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни оммавию фарҳангӣ дар таълимгоҳ толори барҳавои маҷлисӣ бо 150 ҷойи нишаст сохта шудааст.
Маҷлисгоҳ бо мизу курсии босифат ва дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз буда, бо санъати миллии меъморӣ оро ёфтааст.
Дар ошёнаи якуми бинои муассиса ошхона мавҷуд аст, ки барои 150 ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, дар он ба таълимгирандагон хӯрокҳои болаззат дода мешавад.
Дар мактаб барои таълиму тарбияи хонандагон 50 омӯзгори соҳибтахассус фаъолият менамояд.
Мактаб дорои шабакаи мустақили гармидиҳӣ мебошад, ки тариқи он синфхонаҳо дар фаслҳои сармо гарм нигоҳ дошта мешаванд.
Ҳадаф аз бунёд ва ба истифода супоридани муассисаи нави таълимӣ дар ноҳияи Данғара ин идомаи мантиқии сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба ин восита беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсил, ҷорӣ кардани усулҳои нави таълим ва тарбияи хонандагони болаёқат дар руҳияи илмомӯзӣ ва ватандӯстӣ мебошад.
Саҳн ва атрофи бинои нави муассисаи таълимӣ сабзу хуррам буда, дарахтони сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёшуда дар иншооти таълимии навбунёд ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба омӯзгорон ҷиҳати истифодаи оқилонаи имконияти мавҷуда ва тарбия намудани ҷавонони босаводу лаёқатманд дастуру ҳидоятҳо доданд.