Дар доираи Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзуи «Механизмҳои молиявӣ ва сармоягузории рушди сайёҳии устувор» баргузор гардид.
Ҳадафи конференсия баррасии масъалаҳои муҳими рушди устувори соҳаи сайёҳӣ, такмили механизмҳои молиявию сармоягузорӣ, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт буд.Дар кори он олимону муҳаққиқон, намояндагони сохторҳои давлатӣ ва муассисаҳои илмӣ, инчунин коршиносони соҳаи иқтисоду сайёҳӣ бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.Зимни баррасии мавзуъҳо масъалаҳои марбут ба сиёсати андоз ва дурнамои он, таъсири рушди сайёҳӣ ба рушди иқтисодии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, такмили механизмҳои банақшагирии буҷет, стратегияи рушди сайёҳӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил то соли 2030 ва роҳҳои бартараф намудани монеаҳои молиявӣ дар соҳаи сайёҳӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.Ҳамзамон, иштирокчиён масъалаҳои иқтисоди миллӣ дар шароити таҳаввулоти рақамӣ ва механизмҳои ташкилӣ-иқтисодии рушди комплексҳои сайёҳӣ-рекреатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
Конференсия ба табодули таҷрибаи илмӣ ва амалӣ, баррасии роҳҳои нави ҷалби сармоягузорӣ ва муайян намудани имкониятҳои рушди устувори соҳаи сайёҳӣ мусоидат намуд.
Дилнозаи Абдумалик
радиои “Овози тоҷик”



