12 октябри соли 2026 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка Завқизода Завқӣ бо намояндагони ҷомеаи тоҷикони Канада вохӯрии онлайнӣ баргузор намуд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба кору фаъолияти ҷомеаи тоҷикон, густариши ҳамкориҳои Сафорат бо ҳамватанон, инчунин пешниҳоди хизматрасониҳои консулӣ ба шаҳрвандон баррасӣ гардиданд. Сафир қайд намуд, ки ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони бурунмарзӣ, бахусус ҷомеаи тоҷикони Канада зери таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Сафорат ҷиҳати дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, Ҳукумати кишвар ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуку манфиатҳои тоҷикон мунтазам тадбирҳои дахлдор меандешад.
Ҷомеаи тоҷикон дар Канада оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҳамватанон ва роҳҳои густариши ҳамкорҳои минбаъда бо Сафорат андешаҳои худро баён намуданд. Аз ҷумла ба ташкили чорабиниҳои фарҳангиву ҷамъиятӣ, иштироки фаъоли ҳамватанон дар чорабиниҳои марбут ба муаррифии таърих ва фарҳанги тоҷикон, ҳифз ва тарғиби забони тоҷикӣ, инчунин густариши робита бо намояндагони ҷомеаи тоҷикон пешниҳодҳои мушаххас баён гардиданд.
Сафир таклифу пешниҳодҳои шаҳрвандонро мувофиқи мақсад шуморида, қайд намуд, ки Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди робитаҳои доимӣ бо ҷомеаи тоҷикон ва ташаббусҳои созандаву судманди онҳоро дастгирӣ менамояд. Дар ин замина, зарурати иштироки фаъолонаи ҳамватанон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар муаррифии таъриху фарҳанги сертамаддуни тоҷик ва дастовардҳои Тоҷикистон таъкид гардид.
Бо истифода аз фурсат Сафир бори дигар ҳамватонони бурунмарзиро ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба онҳо тамоми хушиҳои зиндагиро орзу намуд.



