Ҳайати шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо муовини аввали раиси шаҳри Тошканд Бахтиёр Раҳмонов мулоқот намуданд.
Бино ба иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон, дар мулоқот ҷониби Узбекистон омодагии худро барои ҳамкорӣ бо ҳайати шаҳри Душанбе дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба баён намуд.
Абдуҷаббор Раҳмонзода барои мусоидат дар ташкили вохӯрӣ изҳори сипос намуда, зикр дошт, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати обод кардани инфрасохтори шаҳри Душанбе, бунёди маркази тиҷоратии байналмилалӣ, маҷмааҳои муосири тиҷоратӣ ва истиқоматӣ дастур дод. Дар доираи иҷрои фармон масъулини раёсатҳои сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе барои омӯзиши таҷриба ба Тошканд омаданд.
Бахтиёр Раҳмонов изҳор дошт, ки ҳукумати пойтахт ва созмонҳои марбута омодаанд, ки минбаъд низ кумакҳои амалӣ расонанд. Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро идома диҳанд.