4 май байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ.
Дар доираи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон 4 май мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо муовини Сарвазир – Вазири молияи Ҷумҳурии Қазоқистон Ерулан Жамаубаев баргузор гардид.
Зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои ду ҷумҳурӣ баррасӣ гардида, ҷонибҳо оид ба вусъат бахшидани ҳамкорӣ дар самти рушди бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ, рақамикунонӣ дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ ва дигар масъалаҳои мубрам табодули афкор намуданд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд изҳор доштанд.