Саннаи 16 майи соли 2023 муовини Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия оид ба масъалаҳои амниятӣ, роҳбари Дафтари амнияти миллии кишвар генерал Алӣ Мамлук сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзодаро дар шаҳри Димишқ ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба радиои «Овози тоҷик» хабар доданд.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амният байни Тоҷикистону Сурия ва баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз ин кишвар ба Ватан мавриди баррасӣ қарор гирифта, перомуни вазъияти Ховари Миёна табодули афкор сурат гирифт.



