Имрӯз здар Китобхонаи милли Тоҷикистон Намоишгоҳи байналмилалии «Маорифи Русия-Белорус, Тоҷикистон-2023″ баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори радиои”Овози тоҷик” хабар медиҳад.
Дар ин рӯзҳо мактаббачагону донишҷӯён ва волидони онҳо метавонанд бо барномаҳо ва пешниҳодҳои нави донишгоҳҳои пешрафтаи Русия ва Беларус шинос шаванд.
Мавриди зикр аст, ки чунин чорабинӣ бори нӯҳум баргузор мешавад. Намоишгоҳ-ярмаркаро Хонаи Русия, вазоратҳои маориф ва илми Тоҷикистон ва Русия бо мусоидати сафорати Русия дар Душанбе ташкил намуданд..
Тибқи иттлоъи дафтари матбуотии “Россотрудничество” дар Душанбе ярмарка 20 май дар Душанбе аз соати 9:00 то 18:30 ва 21 май аз соати 9:00 то 17:00 баргузор мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд бошад , ярмарка рӯзи 23 май аз соати 10:00 то 19:00 дар Қасри ҷавонон баргузор мешавад.