Дар маҷмааи «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯи «Соҳибкории занон: имкониятҳо, инноватсия ва рушди устувор» ба кори худ оғоз бахшид.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оила ва Барномаи рушди СММ ташкил карда шуд.
Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ Султон Раҳимзода, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Бунафша Файзиддинзода ва Намояндаи доимии БРСММ дар Тоҷикистон Судипто Мукерҷи бо сухани табрикотӣ баромад намуданд.
Дар доираи чорабинӣ масъалаҳои сиёсати давлатӣ ва дастгирии соҳибкории занон дар минтақаҳо, омӯзиши касбӣ ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ тавассути соҳибкории занон, афзун намудани нақши занон дар соҳаи саноат ва истеҳсолот мавриди баррасӣ қарор доранд.



