29 сентябри соли 2026 дар шаҳри Кишинёв мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳомиддин Шарифзода бо Котиби давлатии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Молдова Диана Салкутсан баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои будубош ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Молдова, расонидани кумаки консулӣ ва таҳкими ҳамоҳангии байни мақомоти дахлдори ду кишвар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо омодагии худро ба идомаи муколамаи созанда, таҳкими робитаҳои мустақими байниидоравӣ ва рушди ҳамкории минбаъда дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак таъкид намуданд.



