20 май раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод бо роҳбари ширкати ҳавопаймоии «Ютэйр Эйрлайнс» Олег Семёнов дар Федератсияи Русия вохӯрии намуд. Дар ин бора аз Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ ба радиои «Овози тоҷик»хабар доданд.
Дар рафти мулоқот раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод оид ба имконияти сайёҳии мамлакат маълумоти муфассал дода, гуфт, ки парвозҳои мунтазам байни давлатҳо ба рушди сайёҳӣ мусоидат менамояд. Пешниҳод карда шуд, ки маводи чопии иттилоотӣ-тарғиботӣ тавассути ҳавопаймоҳои ширкати Ютэйр ба мусофирон пешниҳод карда шуда, ширкати мазкур дар овардани ҳайатҳои эҷодие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муаррифӣ мераванд, мусоидат намояд.
Олег Семёнов дар бораи фаъолияти ширкати Ютэйр, парки ҳавопаймоиҳои ширкат ва таҷрибаи кормандонаш маълумот дода, иброз дошт, ки ширкати мазкур дорои даҳ ҳазор корманд, парки бузурги ҳавопаймоӣ ва чархболҳо мебошад.
Роҳбари ширкати ҳавопаймоии «Ютэйр Эйрлайнс» Олег Семёнов гуфт, ки аз шаҳрҳои Москва, Сургут ва Тюмен ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ҳафтае зиёда аз 30 парвоз анҷом дода мешавад.
Аз тарафи Олег Семёнов пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон ба хушӣ пазируфт ва омодагии худро барои ҳамкорӣ дар ин самт изҳор намуд.