Истироҳатгоҳи кӯҳии “Сафеддара” дар теппаи нотакрори кӯҳсор дар баландии 2590 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардидааст.
Ҳавои соф ва насими тару тозаи кӯҳистонӣ онро ба беҳтарин макон барои фароғати тамоми сол мубаддал кардааст, мегӯяд Нура Хон, намояндаи ширкати сайёҳии Кувайт “Нураҷтрейвлер” дар ҳисоби корбарии твиттери худ.
“Манзараҳои ҳайратангези кӯҳҳо ва осмонҳои зебои кабуд шуморо водор мекунанд, ки дубора ба ин ҷо баргардед, ҳар касе, ки дар “Сафеддара” истироҳат кардааст, ҳатман мехоҳад дубора баргардад.”
Зимни ташвиқи шаҳрвандони Кувайт Нура Хон бо гузоштани порча-наворе аз дидаҳояш дар “Сафеддара” изҳори умедворӣ намуда аст, ки дар баробари сафари зимистонааш ба Тоҷикистон фазои баҳорӣ ва манзараҳои сабзпӯши Тоҷикистонро низ Тобистони имсол дубора бубинад.
“Ба ин ҷо ҳатто бо мошин аз роҳи Душанбе ба осонӣ расидан мумкин аст. Сафар на бештар аз як соат давом мекунад. Шумо ҳатто метавонед дар ин ҷо хоб кунед, дар наздикии нишебиҳои барфӣ меҳмонхонаи барҳаво қарор дорад.Ман умедворам, ки дар тобистон боз аз он ҷо боздид кунам, то бо тамошои манзараҳои аҷибу сабзранг аз болои кӯҳҳо лаззат барам.”- меафзояд Нура Хон.