Саннаи 29 майи соли 2023 муовини вазири мориф ва илм Зиёдулло Абдулзода дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи Бонки Осиёии Рушд Шин Лонг вохӯрӣ намуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм ба радиои «Овози тоҷик» хабар доданд.
Зиёдулло Абдулзода зимни мулоқот, иброз намуд, ки вохӯрии имрӯза дар рушду тавсеаи ҳамкориҳо, махсусан, амалисозии лоиҳаҳо дар соҳаи маориф ва илм саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Ҳамчунин дар идома Шин Лонг қайд намуд, ки Бонки Осиёии Рушд ҳамеша ҷиҳати рушди ҳамкориҳо ва иҷрои лоиҳаҳои муштарак бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст ва тавсеаи ҳамкориҳо боиси пешрафту рушди ҷонибҳо мебошад.