Дар 6 моҳи соли 2022 8419 нафар хонандаи тоҷик дар 11 олимпиадаи байналмилалӣ мустақиман ва тариқи фосилавӣ иштирок намуда, сазовори 1058 ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, хонандагон дар ин олипиадаҳо аз фанҳои математика, физика, химия, табиатшиносӣ ва забони англисӣ дар давлатҳои Амрико, Венгрия, Италия, Словения, Босния-Герсиговения, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ширкат карда, 140 медали тилло, 368 медали нуқра ва 550 медали биринҷиро ба даст оварданд.
Иттилоъ дода шуд, ки иштироки хонандагон дар ҳаракатӣ олимпӣ нисбат ба соли 2021 2167 нафар зиёд буда, 42,2 %-и иштирокчиён ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.
Ҷамъбаст ва натиҷагирии даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии хонандагони синфҳои 5-11 муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар соли 2022 нишон дод, ки дар онҳо 6410 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Соли равон дар кишвар 24 олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ доир гардид, ки аз ин ҳисоб 13 намуди олимпиада аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва 11 намуди олимпиада аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ гузаронида шуд.