Бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тули таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» доир мегардад.
Дар озмун аҳолии кишвар, аз ҷумла, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, шунавандагони муассисаҳои таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, аспирантон, унвонҷӯён ва докторантҳо, ходимони илмӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (ба истиснои омӯзгорони фанни таърихи ҳамаи зинаҳои таҳсилот, олимону муҳаққиқони соҳаи таърих), докторони илм (анъанавӣ), узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва академияҳои соҳавӣ) иштирок карда метавонанд.
Иштирокдорони озмун ба гурӯҳҳои зерин ҷудо карда мешаванд: — хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 9-11); — донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр); — омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ (ба истиснои омӯзгорони фанни таърихи ҳамаи зинаҳои таҳсилот, докторони илм (анъанавӣ), аъзои вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ); — калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун.
Озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи феврали соли 2023 то моҳи декабри соли 2023 ба таври зайл ташкил ва гузаронида мешавад: — даври якум – моҳи феврал дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот; — даври дуюм – моҳи июн дар маркази шаҳр ва ноҳияҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе); — даври сеюм – нимаи дуюми моҳи сентябр дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ; — даври чорум – нимаи якуми моҳи декабр барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Донишҳои таърихии иштирокдорони озмун аз рӯйи хондани асари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва осори дигари таърихӣ муайян карда мешавад, аз ҷумла донистани маълумоти муфассал доир ба асари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва муаллифи он; — қобилияти нақлу тафсири воқеаҳои таърихии давраҳои муайян; — баёни лаҳзаҳои муҳимми асар, қобилияти ровигӣ, сухандонӣ, асосноккунии рӯйдодҳои таърихӣ ва мақоми онҳо дар таърихи халқи тоҷик; — донистани санаҳои муҳимми таърихӣ, давраҳои таърихӣ ва чеҳраҳои таърихсози халқи тоҷик; — донистани мероси таърихию фарҳангии моддиву маънавии халқи тоҷик; — маълумот доир ба ёдгориҳои таърихӣ, мавзеъҳои таърихӣ, ки баёнгари таърихи бостони миллати тоҷик мебошанд; — донистани сарчашмаҳои таърихӣ ва асарҳои илмию бадеӣ оид ба таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик.
Ҳайати ҳакамони озмун ба савияи дониши таърихии иштирокдорон аз рӯйи меъёрҳои зерин баҳо медиҳанд: — ба ҳар як довталаб барои муаррифии китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва асарҳои дигари таърихӣ вақти озод дода мешавад; — бо мақсади баҳогузорӣ намудан ба истеъдоди довталабон ҷадвали 10-хола муқаррар карда мешавад. Довталаби номинатсия ба пуррагӣ донистани воқеаҳо ва санаҳои таърихӣ – 10 хол, барои ҷавоби аз хуб болотар – 8 хол, барои ҷавоби хуб – то 6 хол, барои ҷавоби аз миёнаи беҳтар – 4 хол, барои ҷавоби миёна – 3 хол, барои ҷавоби миёнаи суст – 2 хол гузошта мешавад ва барои ҷавоби ғайриқаноатбахш хол гузошта намешавад.
Дар ҳар синну сол барои ғолибони ҷойи аввал, ки дар маҷмӯъ, 4 нафаранд, ба ҳар яке 50 000, 8 ғолиби ҷойи дуюм ба ҳар яке 35 000 сомонӣ ва 12 ғолиби ҷойи сеюм ба ҳар кадоме 25 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад. Ба 4 нафар барандаи “Шоҳҷоиза” ба ҳар яке 70 000 сомонӣ тақдим мегардад.
Барои дарёфти Шоҳҷоиза довталабоне метавонанд иштирок намоянд, ки дар даври ҷумҳуриявӣ аз рӯйи номинатсияи пешниҳодшуда ҷойҳои ифтихориро сазовор гардидаанд. Шоҳҷоиза ба иштирокдоре дода мешавад, ки беш аз 70 фоизи асари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва дигар адабиёти таърихии тавсиягардидаро мутолиа ва ҳифз намудааст.
Ғолибони даври чорум (ҷойҳои 1, 2, 3) ва барандаи Шоҳҷоиза баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаи худ бе озмун ва ба тариқи ройгон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимии кишвар қабул карда мешаванд. Тартиби қабули ғолибони даври чоруми озмун ва барандаи Шоҳҷоизаро Вазорати маориф ва илм муайян менамояд.
Дарёфти маълумоти бештар бо рақамҳои 221-05-94; 221-03-05, 221-53-70; 221-50-83.