
Имрӯз вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Япония (JICA) доктор Акиҳико Танака мулоқот кард. Дар ин бора радиои «Овозитоҷик» дар истинод ба Вазорати корҳои хориҷии ТОҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ сатҳи кунунӣ ва дурнамои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самти татбиқи лоиҳаҳои нақлиётӣ, логистикӣ, саноатӣ, муҳитзистӣ, илму маориф, гуманитарӣ ва тақвияти зарфияти инсонӣ муҳокима гардиданд.