Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Президенти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Акиҳико Танака мулоқот намуд. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар истинод ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷонибҳо атрофи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамзамон дар ҳошияи мулоқот Созишномаи грантӣ доир ба «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ» ба имзо расид.
Созишномаро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Роҳбари намояндагии JICA дар Тоҷикистон Имай Сэйдзю ба имзо расониданд.
Бо татбиқ гардидани лоиҳаи мазкур имкон фароҳам мегардад, ки хизматчиёни давлатии ҷавон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷопон дар дараҷаи магистрӣ ва докторӣ таҳсил намоянд.
Маблағи умумии Лоиҳа 276 млн йени ҷопонӣ (2 млн доллари амрикоӣ)-ро ташкил дода, пурра дар шакли грант пешниҳод гардидааст. Татбиқи он соли 2024 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2030 ба нақша гирифта шудааст.