Дирӯз муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим дар ҷаласаи муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок кард. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар истинод ба ВКХ хабар медиҳад.
Зимни нишаст ҷонибҳо масоили мубрами ҳамкориҳои байналмилалӣ ва байниминтақавӣ ва мушаххасоти рӯзномаи ҷаласаи дарпешистодаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ карданд.