
Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар номинатсияи георграфия баргузор гардид. Дар ин бра Фарзона Сафарзода хабарнигори радиои “Овози тоҷик” хабар медиҳад. Лозим ба ёдоварист, ки дар озмуни мазкур хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳо, донишҷӯёни мактабҳои олӣ, намояндагони касбу кори гуногун ширкат намуданд. Дар озмун аз шаҳри Душанбе 132 нафар, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 79 нафар, вилояти Хатлон 128 нафар, ва вилояти Суғд 120 нафар, аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 120 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд.
Бояд гуфт,ки озмуни мазкур тариқи хаттӣ ҷараён гирифта, натиҷа ва ғолибони он рӯзи охири озмӯн-28-уми октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ эълон шуда, ба ғолибон ҷоизаҳо супорида мешаванд.