
Ҳамасола дар ҷумҳурӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии занони соҳибкор чорабиниҳои муҳими сатҳи милливу минтақавӣ ташкил ва баргузор мегарданд. Имрӯз дар меҳмонхонаи Ҳаят реҷенсӣ бахшида ба ин рӯз ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Зулайхо Боқиева хабар медиҳад
Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ Матлубахон Саториён муовини Сарвазири кишвар оғоз бахшида, дар бораи пешниҳоди лоиҳаҳои нави соҳибкории занон ва аз тарафи Ҳукумату давлат дастгири ёфтани онҳо суханронӣ кард.
Дар ҳамоиши мазкур Сумангул Тағойзода раиси Кумитаи маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ оила ва ҳифзи саломатӣ, Ҳилолӣ Қурбонзода раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ ва дигар масъулони соҳа иштирок ва суханронӣ намуданд.
Аз ҷумла намояндагони муассисаҳои давлатӣ, шарикони рушд, ташкилотҳои ҷамъиятиву байналмилалӣ ва занони соҳибкор иштирок намуданд.