Тибқи маълумоти Маркази зилзиласанҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 23-юми марти соли 2023 соати 1:07 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба амал омад.
Маркази ҷунбиши қишри замин 132-километрии қисми шимолу шарқии шаҳри Душанбе, 50- километрии қисми шимолу ѓарбии минтақаи Рашт ва 96- километрии шаҳри Хуҷанд, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Палдораки Ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ умқи 11-километр ба қайд гирифта шудааст.
Қувваи заминларза дар маркази он 5-6 балл, минтақаи Рашт 4-5 балл ва шаҳри Душанбе 3-4 баллро ташкил намуд.
Маротибаи дуюм соати 07:53 дақиқа ба вақти маҳаллӣ заминларза ба амал омад, ки қувваи он 4,8 баллро талшкил намуд.
Маркази ҷунибиши қишри замин дар 6-7 километрии деҳаи Палдораки Ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ба қайд гирифта шудааст.
Ҷунбиши қишри замин дар умқи 40-километр бо қувваи 4 бал, дар шаҳри Душанбе 1-2 балл ва дар минтақаи Рашт 2 баллро ташкил намуд.
Бар асари офати табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода коммисияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуда, ҳаҷми хисороти молии заминларза муайян карда мешавад.