
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Муассисаи давлатии Пажуҳишгоҳи меҳнат , муҳоҷират Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ — амалӣ дар мавзуъи «Ташакулёби ва рушди низоми шуғли пурмаҳсул дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Фарзона Сафарзода хабар медиҳад.Дар кори конфонс намояндаҳои Вазорати меҳнат ,муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахасисони вазорату идораҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар инчунин коршиносон ва олимони варзидаи соҳа, танзими муносибатҳои меҳнатӣ,бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, танзими муҳоҷирати дохилию экологӣ, равандҳои муосири демографиӣ, инчунин роҳбарони намояндагиҳои Ташкилоти Байналмилалии меҳнат ва Хазинаи нуфузи Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ширкат варзиданд. Шикркатдорони конфронс дар доираи ду сессия мавзуи «Таьсири вазъи демографӣ ва ташаккул ва тағйирёбии шуғли пурмаҳсул дар иқтисодиёти Тоҷикистон.» «Ҷой ва нақши бамеъёргирӣ ва пардохти меҳнат, шароит ва ҳифзи меҳнат, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон дар таъмини шуғли пурмаҳсул, авомили асосии ташакулёбии шуғли пурмаҳсул дар иқтисодиети кишвар мавриди таҳлил ва арзебии амиқу ҳамаҷониюба қарор доданд.