17 ноябр дар ҳошияи ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев мулоқот намуданд. Дар ин бора аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар оғоз ҷонибҳо аз тавсеаи муколамаи байни роҳбарони палатаҳои болоии парламентҳои ду давлат, ки хусусияти мунтазам касб намудааст, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки соли равон раванди густариши муносибатҳои дуҷониба идома дода шуд.
Зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон, ки моҳи май амалӣ гардид, дар байни ду давлат Эъломияи ҳамкории ҳампаймонӣ ба имзо расид, ки аз сатҳу муҳтавои баланди ҳамкории дуҷониба гувоҳӣ медиҳад.
Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо оид ба вазъ ва дурнамои таҳкими ҳамкории ду давлат дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла тақвияти минбаъдаи робитаҳои байнипарламентӣ ибрози назар намуданд.