Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикстон маҳфили илмӣ- фарҳангӣ бо иштироки ғолибони озмуни «Фурӯғи субҳи донои китоб аст» баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори радлиои «Овози тоҷик» Фарзона Сафарзода хабар медиҳад.
Ректори ДМТ Хушбахтзода Қобилҷон Хушбахт маҳфилро бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, ғолибонро табрику таҳният гуфт. Бояд гуфт ки дар чорабинии мазкур устодону донишҷӯён, магистрантҳо, асперантҳо ва докторантҳо ширкат варзиданд. Дар ҷамъбаст
Зикр гардид, ки шохҷоизаи имсолаи озмун насиби донишчӯи факултаи Ҳуқуқшиносии ДМТ Шукрона Тоҳирӣ гардид ва ин ифтихори шоёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
Дар ҷамбасти махфил ширкаткунандагони озмун муайян гардида, шахсони сазовори чойхои якум дуюм ва сеюмшуда бо мукофотҳои пулию молӣ қадрдонӣ гардиданд.