
Имрӯз дар бозори Меҳргони пойтахти кишвар шаҳри Душанбе Фестивал-намоиши фурӯши картошка ва тайёр кардани хӯрокиҳо аз он баргузор гардид. Дар ин бора Бахтовар Шарифӣ, хабарнигори радиои «Овози тоҷик» хабар медиҳад.
Фестивалро муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиëзода ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки тибқи маълумоти пешакӣ, имсол истеҳсоли картошка ба 1 млн 150 ҳазор тонна мерасад, ки он ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат таъсири мусбат мерасонад.
Фестивал-намоиш бо ташаббус ва дастгирии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашта, барои муаррифии навъҳои гуногуни картошка аз саросари кишвар мусоидат менамояд. Дар Фестивал-намоиши фурӯши картошка ва тайёр кардани хӯрокиҳо аз он намояндагони тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба таври фаъолона ширкат намуданд ва маҳсулоти худро ба тамоми меҳмонони дохиливу хориҷӣ пешкаш карданд.