16 май 2023 Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Форуми миллии соҳибкорӣ таҳти унвони «Ҷавонон – муҳаррики рушди соҳибкории инноватсионӣ» баргузор гардид, ки ҳадаф аз он ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадам барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ буда, ба таъсиси ҷойи кор барои ҷавонон мусоидат менамояд. дар ин бора аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба радиои «Овози тоҷик» хабар доданд.
Форуми мазкур аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рушди зеҳнӣ ва иқтисодии ҷавонон» -и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Моҳвораи ҷавонон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) доир гардид.
Ҷавонон қувваи созанда ва пешбарандаи ҷомеа буда, метавонанд бо донишу заковати худ давлати азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд, иброз гардид дар форуми мазкур.
«Ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд мояи ифтихор ва сарбаландии миллат буда, маҳз онҳо қудрат доранд, ки пешбарандаи илму фарҳанг ва иқтисодиёту иҷтимоиёти миллати хеш бошанд ва ҳамчун посдорони мероси аҷдодӣ ба наслҳои оянда хизмат намоянд», -гуфт Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода.
Форуми мазкур вобаста ба рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ва баҳри баланд бардоштани савияи дониши иштирокчиён баргузор гардид.
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода вобаста ба такмили донишҳои назариявӣ ва амалии дониҷӯён дар самти иқтисодӣ ибрози андеша намуд. Дар форуми мазкур таъкид гардид, ки қисми зиёди иштирокчиён донишҷӯёни равияҳои иқтисодии донишгоҳ ва дигар донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат мебошанд. Маҳз тавассути баргузор гардидани чунин ҳамоишҳо донишҷӯён метавонанд донишҳои назариявии худро дар амалия татбиқ намоянд.
«Тарбия намудани ҷавонон- муҳаррики асосии рушди давлат дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос дар равияҳои гуногун яке аз мақсадҳои аввалиндараҷаи давлату ҳукумат мебошад»,- гуфта шуд дар форум.