
Дар соли таҳсили 2022-23 Донишгоҳи Давлатии Тиббии Точикистон ба номи Абуали ибни Сино 1936 нафар донишҷӯёни хориҷӣ аз 23 давлати дунё таҳсил мекунанд, иброз дошт ректори Донишгоҳи мазкур Маҳмадшоҳ Гулзода дар нишасти хабарии Донишгоҳ. Дар ин бора Таҳмина Амониён, хабарнигори радиои «Овози тоҷик» аз ҷараёни нишаст хабар медиҳад.
Дар маҷмӯъ дар соли 2022-23 Донишгоҳи мазкурро 2075 нафар хатм намуданд, ки аз онҳо 1639 нафарашон донишҷӯёни ватанӣ ва 436 нафари дигар донишҷӯёни хориҷӣ аз 11 кишвари ҷаҳон мебошанд.
Дар Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таҳсил бо се забон-давлатӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Фазои таълимӣ бошад бо забони русӣ нигоҳ дошта шуда, шумораи таҳсилкунандаҳо бо забони русӣ 461 (61.7%), бо забони давлатӣ 180 (24,1%) ва бо забони англисӣ 106 нафар (14,2%)-ро ташкил медиҳад.